Дар ин бора шабакаи телевизионии маҳаллии RTL хабар додааст.

Тибқи маълумот, ронандаи автомобил як зани маҳаллии 56-сола буда, ҷароҳати сабук бардоштааст ва боздошт шудааст. Дар бораи қасдан содир намудани амал аломати ибтидоӣ ёфт нашуд. Дар ҷойи ҳодиса хадамоти фавқулодда фаъолият доранд.

«Нӯҳ нафар ҷароҳат бардоштанд, се нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. То ҳол нишонаҳои қасдан содир шудани ин амал дида намешавад, аммо полис тафтишот мебарад», — гуфта мешавад дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Гелдерланд дар платформаи медиавии иҷтимоии X.

Ҳодиса тахминан соати 18:45 бо вақти маҳаллӣ, бо оғози тамошои чароғҳои идона рух додааст. Тамошобинон дар канори роҳ ҷамъ шуда, интизори гузашти тантанавии корвони техникаҳои кишоварзии ороёфта буданд.

Ҳамаи ҷароҳатдидагон ба беморхона интиқол ёфтаанд, полис ҷойи ҳодисаро меомӯзад. Ҳокимияти шаҳр эълон кард, ки чорабиниҳои ҷашнӣ пеш аз муҳлат боздошта мешаванд, хабар медиҳад report.az.