Дар ин бора полиси иёлати Борнo хабар дод.
«Мутаассифона, 23 нафар ҳалок ва 108 нафар ҷароҳат бардоштанд», – омадааст дар изҳороти полис дар шабакаи иҷтимоии X.
Таркишҳо дар маркази иёлат – шаҳри Майдугури рух доданд. Ба гуфтаи тафтишгарон, террористон дастгоҳҳои худсохти таркандаро дар назди беморхонаи донишгоҳӣ, бозор ва гузаргоҳи автомобилӣ тарконданд. Полис дастгоҳҳои иловагии таркандаро санҷид. Ҷабрдидагон ба беморхонаҳо интиқол дода шуданд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқи ҳодисаро оғоз намуда, дар ҷустуҷӯи гумонбарон мебошанд.
Майдугурӣ шаҳрест, ки дар он гурӯҳи экстремистии "Боко Ҳарам", ки душмани асосии нерӯҳои амниятии Нигерия аст, соли 2009 таъсис ёфтааст. Ин гурӯҳ ҳадафи ғасби қудрат дар кишварро дорад ва мунтазам ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳад. Дар соли 2015, нерӯҳои мусаллаҳи Нигерия ба "Боко Ҳарам" шикасти ҷиддӣ расониданд ва қаламрави таҳти назорати худро ба таври назаррас коҳиш доданд. Дар посух, ҷангиён ба сохтани пойгоҳҳо дар кишварҳои ҳамсоя, асосан дар минтақаи кӯли Чад шурӯъ карданд. Соли 2015 "Боко Ҳарам" пароканда шуд ва баъдтар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Африқои Ғарбӣ пайдо шуд, хабар медиҳад tass.ru.