Парвози озмоишӣ дар самолёти мусофирбари Ан-2П-и ширкати ҳавопаймоии "Humo Air" сурат гирифт. Лайнер, ки соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ аз Фарғона парвоз кард, соати 13:10 ба аэропорти Сӯх фуруд омад.

Сохтмони фурудгоҳ дар ноҳияи Сӯх дар нимаи моҳи октябр ба анҷом расид. Майдони аэродром 7 гектар, дарозиаш 700 метрро ташкил медиҳад. Барои корҳои сохтмон аз буҷаи давлатӣ 6,8 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст.

Ҳамчунин, дар ҳудуди фурудгоҳ маҷмааи замонавӣ бунёд мешавад, ки он толори интизорӣ, тарабхона, нуқтаҳои савдо ва майдончаҳои истироҳати мусофиронро фаро мегирад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёт.