«Ба наздикӣ ёддошти тафоҳум оид ба бунёди мавзеи “Санкт-Петербург” дар ноҳияи навбунёди пойтахти Ӯзбекистон “Тошканди нав” ба имзо расид. Ба нақша гирифта шудааст, ки лоиҳаи меъмории мавзеъро мутахассисони Санкт-Петербург таҳия мекунанд», - гуфта мешавад дар хабар.
Лоиҳаи генералии нақшаи Тошканд то соли 2045 бунёди ноҳияи нави пойтахт «Тошканди нав»-ро пешбинӣ мекунад, ки масоҳаташ 20 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ин бузургтарин лоиҳаи шаҳрсозии Ӯзбекистони муосир мебошад.
Сохтмони аввалин иншооти истиқоматӣ ва инфрасохтории минтақа моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ёфт. Қарор аст, ки анҷоми сохтмони асосии лоиҳа то соли 2045 сурат гирад. Дар оянда ҳамаи идораҳои давлатӣ ба «Тошканди нав» кӯчонида мешаванд. Муаллифони лоиҳа бовар доранд, ки ин амал метавонад ба таври назаррас бори тирбандии мошинҳоро дар Тошканди кӯҳна сабук гардонад.
Начало формы