Дар Нур-Султон намоишгоҳи рассомони ӯзбек кушода шуд

    Фарҳанг 11 Aprel 2022 1604

    Дар галереяи "ForteBank Kulanshi Art Space"-и пойтахти Қазоқистон ифтитоҳи расмии намоишгоҳи «Вақти шарқӣ» баргузор шуд, ки дар он асарҳои рассомони ӯзбек, қолинҳои дастии бофандагони туркман ва асарҳои тарроҳони ҷавони либоси қазоқӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

    Дар намоишгоҳ 56 наққошии 26 рассоми ӯзбек аз коллексияи шахсии Александр Невгода, инчунин 9 қолини туркманӣ ва кори ғолибони озмуни Global Nomads Fashion барои тарроҳони ҷавон (Қазоқистон) ба намоиш гузошта шудааст.

    Дар ифтитоҳи намоишгоҳ сафирони Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Австрия, Исроил, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳолланд, Лаҳистон, Тоҷикистон, Туркия ва раиси Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Қазоқистон ширкат карданд.

    Дар суханронии ифтитоҳӣ директори алоқаи ForteBank Еркин Удербай қайд кард, ки галерея ба як нуқтаи муҳим дар харитаи ҳаёти фарҳангии пойтахт табдил ёфтааст.

    «Имрӯз мо шодем, ки шуморо бо санъати тасвирии Ӯзбекистон, санъати амалии Туркманистон, мероси миллии ин кишвар, асарҳои дизайнерҳои ватании мо, ки ҷавон, вале аллакай ташаккул ёфтаанд, шинос кунем. Ҳамсояҳоро фаҳмидан, ҳамсояҳоро донистан, бо онҳо муошират кардан, аз ҷумла ба воситаи забони умумибашарии санъат хеле муҳ им аст, — гуфт дар хотима ӯ.

    Раиси шӯрои куратории Маркази санъати муосири "Куланши" Лейла Маҳат гуфт, ки дар намоишгоҳи имрӯза антологияи рушди мактаби наққошии ӯзбек дар ду садаи ахир намоиш дода мешавад.

    Намоишгоҳ то 16 май давом мекунад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates