Дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи таҷрибаи пешқадам ва стратегияи ҳамаҷониба дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мубориза бо камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, дастгирии шуғли аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, занон ва маъюбон, инчунин татбиқи барномаҳои таълими касбӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Дар анҷоми мулоқот маросими имзои ёддошти ҳусни тафоҳум, ки ҳамкориҳои фаъол ва расонидани кумакҳои машваратиро дар самтҳои афзалиятнок пешбинӣ мекунад, баргузор гардид.