Дар Петербург барои муҳоҷирон дар таксӣ кор карданро манъ карданд

    Дар Петербург ҳамчун ронандаи таксӣ фаъолият намудани муҳоҷирон то охири соли 2025 манъ мегардад.

    Дар Санкт-Петегрбург ба кор қабул кардани муҳоҷирон ҳамчун ронандаи таксӣ то охири сол манъ карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти губернатори шаҳр Александр Беглов.

    Ин қарор мувофиқи банди 6 моддаи 18.1 Қонуни федералии “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия” қабул гардидааст. Ин иқдом бояд сифати хизматрасониҳои таксӣ ва амнияти онҳоро беҳтар намояд, инчунин барои шаҳрвандони Русия ҷойҳои нави корӣ эҷод кунад.

    Дар давраи маҳдудият ҳукумат таъсири ин манъро ба ҳаёти шаҳр таҳлил хоҳад кард ва соли оянда аз рӯйи дароз кардани муҳлати он бояд қарор қабул мекунад. Ҳамзамон, ба корфармоён се моҳ муҳлат дода шудааст, то шаҳрвандони хориҷиро аз кор сабукдӯш намоянд. Фармон пас аз даҳ рӯз мавриди амал қарор мегирад, хабар медиҳад ria.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates