«Дар садамае, ки дар ҷануби Колорадо бо иштироки беш аз 30 воситаи нақлиёт рух дод, чаҳор нафар ҳалок ва 29 нафар захмӣ шуданд», — омадааст дар хабар.
Ҳодиса дар шоҳроҳи I-25 бар асари шамоли сахт, ки хокро ба роҳ партофта буд, рух додааст. Қисми шимолии роҳи наздик ба маҳалли садама айни замон баста шудааст. Захмиён ба беморхонаҳо интиқол дода шуданд, дараҷаи ҷароҳатҳои онҳо номаълум аст.
Ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад, хабар медиҳад report.az.