Тибқи иттилои нашр, дар натиҷа 15 нафар ҷон бохта, 18 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳолати панҷ нафар хеле вазнин арзёбӣ мешавад. Пештар ВАО-и маҳаллӣ дар бораи аз релс баромада, ба бино бархӯрдани фуникулери “Глория” дар Лиссабон хабар дода буд. Дар бораи сабабҳои ҳодиса маълумот дода нашудааст.

Ба иттилои пулис, одамон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, аз ҷумла миёни ҷабрдидагон як кӯдак низ ҳаст. Гумон меравад, ки ҳодиса бар асари канда шудани кабел рух дода, баъдан вагон аз роҳи худ берун шуда, ба бино бархӯрдааст.

Фуникулери “Глория” дар Лиссабон миёни сайёҳон бисёр маъруф аст. Он дар асри XIX сохта шуда, яке аз ноҳияҳои марказии Байшаи Лиссабонро бо минтақаи баландкӯҳии Байрру-Алту мепайвандад, хабар медиҳад 24.kg.

Шӯрои шаҳри Лиссабон ба хотири фоҷиа се рӯзи мотам эълон кардааст. Мэри шаҳр Карлуш Муэдаш бошад, ин рӯзро “рӯзи фоҷиавӣ” номидааст.