Дар Рим минораи асри XIII қисман фурӯ рехт

    Як нафар ҳалок шуд ва се нафар ҷароҳат бардоштанд.

    Субҳи 3 ноябр дар маркази Рим, чанд қадам дуртар аз Колизей ва Форуми Рим, минораи Конти (Torre dei Conti), ки дар асрҳои миёна сохта шудааст, қисман фурӯ рехт.

    Фурӯрезӣ ҳангоми корҳои барқарорсозӣ рух дод: ба гуфтаи наҷотдиҳандагон, аввал қисме аз сохтмон фурӯ афтод ва тақрибан пас аз як соат, ҳангоми ҷустуҷӯи осебдидагон, қисми дуюм низ фурӯ рехт.

    Чор коргар зери вайронаҳо монданд. Яке аз онҳо, шаҳрванди Руминия, баъди 11 соат наҷот дода шуд, аммо ӯ дар беморхона фавтид. Як коргари дигар аз сари худ ҷароҳати вазнин бардошт, ду нафари дигар лат хӯрданд.

    Аз тарси фурӯрезии эҳтимолии минбаъда, минтақаи гирди бурҷ баста шуд.

    Бурҷи Конти соли 1203 аз ҷониби хонадони пурқудрати Конти ди Сени, ки ба Папа Иннокентий III тааллуқ дошт, бунёд шудааст. Баландии он замоне ба 50–60 метр мерасид ва ҳамчун қалъаи муҳофизатии хонаводаи ашрофӣ истифода мешуд.

    Пас аз зилзилаҳои харобиовари асрҳои XIV ва XVII, бурҷ якчанд маротиба таъмир шудааст, аммо қисми зиёди баландии худро аз даст дода, ҳоло ҳамагӣ 29 метр баландӣ дорад.

    Солҳои охир сохтмон аз нав мустаҳкам карда мешуд, зеро деворҳои хиштӣ ва такягоҳҳои дохилии он суст гардида буданд.

    Ин ҳодиса барои мақомоти Италия як ҳушдор гардид: фурӯрезии яке аз ёдгориҳои қадимтарини маркази таърихии шаҳр боз саволҳоеро дар бораи ҳолати ин биноҳои таърихӣ ба миён овард, ки зери таъсири вақт, зилзила ва ларзишҳои нақлиёт осеб дидаанд.

    Мақомот хабар доданд, ки дар наздиктарин фурсат санҷиши амниятӣ дар ҳамаи минтақаҳои таъмирии маркази Рим, аз ҷумла дар гирди Колизей ва Форумҳо, гузаронида мешавад, хабар дод vesti.kg.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates