Дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ бояд имтиҳони ронандагиро дубора супоранд

    Нақлиёт 1 Aprel 2024 1127

    Шаҳрвандони хориҷии муқими Русия метавонанд бо супоридани имтиҳон шаҳодатномаи ронандагии худро ба русӣ иваз кунанд.

    Аз 1 апрел дар Федератсияи Русия тағйирот ба Қонуни федералӣ «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ» эътибор пайдо мекунанд. Тибқи навовариҳо, шаҳодатномаҳои ронандагии дар кишварҳои дигар додашуда танҳо пас аз як соли шаҳрвандии Русияро гирифтани соҳиби онҳо эътибор хоҳанд дошт, хабар медиҳад aif.ru.

    Ҳамзамон, барои ба даст овардани ҳуқуқҳои нави категорияҳои «М», «А», «В» ва зеркатегорияҳои «А1», «В1» хориҷиён танҳо имтиҳони назариявӣ месупоранд. Имтиҳони амалӣ танҳо барои гирифтани иҷозатномаи категорияи "C" ва "D" талаб карда мешавад.

    Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Ирина Волк тавзеҳ дод, ки ин талабот ба шаҳрвандони давлатҳое, ки забони русӣ ҳамчун забони расмӣ мустаҳкам карда шудааст, татбиқ намегардад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates