Дар Русия ҳавопаймои низомии Су-30 суқут кард, қурбониён ҳастанд

    Шоми 13 ноябр дар Карелия (Федератсияи Русия) ҳавопаймои Су-30 суқут кард.

    Дар бораи ҳалокат Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.

    Мувофиқи маълумоти вазорат, ин ҳодиса тақрибан соати 19:00 ба вақти Маскав ҳангоми парвози тамринии нақшавӣ рух додааст. Ҳавопаймо бидуни тир парвоз мекард ва дар минтақаи беодам суқут кард. Ҳарду узви экипаж ҷон бохтанд.

    Роҳбари Карелия Артур Парфенчиков ба хонаводаҳои қурбониён изҳори тасаллият кард ва ваъда дод, ки ба онҳо ҳама гуна кумаки заруриро мерасонад.

    "Ман ба аъзои оила ва хешовандони қурбониён изҳори тасаллияти самимӣ мекунам. Мо ба онҳо кумаки заруриро хоҳем расонд", - навиштааст ӯ дар канали Telegram-и худ.

    Тибқи маълумоти Вазорати мудофиа, касе аз аҳолии маҳаллӣ осеб надидааст, зеро суқут дур аз минтақаҳои аҳолинишин, дар минтақаи ҷангалзор рух додааст, хабар медиҳад inform.kz.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates