Ба Самарқанд боз як гурӯҳи электробусҳо оварда шуд

    Нақлиёт 12 Dekabr 2024 712

    Самарқанд аввалин шаҳр дар Ӯзбекистон гардид, ки ба барномаи БАТР «Шаҳрҳои сабз» ҳамроҳ шуд. Дар доираи ин лоиҳа ба роҳ мондани ҳаракати электробусҳо дар хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳр пешбинӣ шудааст.

    То имрӯз ба шаҳр 36 электробус расонида, барои хизматрасонӣ ба мусофирон ба кор дароварда шудаанд. Ин электробусҳо дар хатсайрҳои зерин хизмат мерасонанд:

    М1 - «Вокзали роҳи оҳан - Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд»;

    М2 - «Маҳаллаи Ватанпарвар - Беморхонаи ноҳияи Самарқанд»;

    М4 - «Истгоҳи роҳи оҳан - Истгоҳи Сиёб»;

    М5 - «Истгоҳи роҳи оҳан - Истгоҳи роҳи оҳан (хатсайри ҳалқавӣ)».

    Дар доираи ин лоиҳа ба Самарқанд боз 15 электробус бо таҷҳизоти пуркунии барқ оварда шуд. То охири сол ба 100 адад расондани шумораи умумии электробусҳо ба нақша гирифта шудааст.