Дар Самарқанд нахустин Маркази китоби Чин кушода мешавад

    Фарҳанг 27 Iyun 2024 1928

    Имрӯз, 27 июн дар Самарқанд аввалин «China Book Center» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии "Роҳи абрешим" кушода мешавад.

    Чорабинии мазкур аз ҷониби Идораи чоп ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷӣ (China International Communications Group, CICG) ташкил карда мешавад, хабар медиҳад агентии «Дунё».

    Инчунин дар доираи ин маросим чорабинии фарҳангии мавзӯии «Ман Чинро мехонам» баргузор мешавад. Ин иқдомҳо ба амиқтар кардани табодули башардӯстона ва ҳамкориҳои Чину Ӯзбекистон дар остонаи 24-умин ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ равона шудаанд.

    Ифтитоҳи «China Book Center» дар хориҷа як лоиҳаи муоширати ҷаҳонии фарҳангӣ мебошад, ки аз ҷониби CICG дар соли 2015 таҳти роҳбарии Канслери матбуоти Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз шудааст. Он аллакай дар зиёда аз даҳ мамлакат ҷорӣ карда шудааст. Лоиҳа ҳамчун намоиши фарҳанги Чин ба рушди мубодилаи башардӯстона ва ҳамкориҳои байни ҶМЧ ва кишварҳои хориҷӣ саҳми мусбат гузошт.

    Дар филиали Ӯзбекистон китобҳо оид ба сиёсат, иқтисод, фалсафа, санъат, тибби анъанавии Чин, адабиёти бачагона ва дигар маводи чопӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти CICG ба Марказ туҳфа карда шудаанд, ба намоиш гузошта мешаванд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates