Дар маросими ифтитоҳи конфронс раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба парламентарҳои ҷавон хонда дод, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».

Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаъну шарафи инсонӣ, таҳкими принсипҳои адолат, таъмини сулҳу субот, инчунин нақши ҷавононро дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ хоҳанд кард.

Ба тавсеаи иштироки ҷавонон дар равандҳои қабули қарорҳо, баланд бардоштани нақши онҳо дар фаъолияти парламентӣ ва рушди ҳамкории байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад шуд.

Дар доираи форум ҳамчунин Форуми III ҷаҳонӣ оид ба ҳамкории байнипарламентӣ дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор баргузор мегардад.

Баргузории чунин чорабинии муҳими байналмилалӣ дар Самарқанд аз талошҳои пайвастаи Ӯзбекистон барои рушди дипломатияи ҷавонон, таҳкими муколамаи байнипарламентӣ ва пешбурди ташаббусҳо ҷиҳати васеъ намудани иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ шаҳодат медиҳад.