Дар Самарқанд «Киштии таҳаммулпазирӣ» — рамзи сулҳ ва ваҳдат ифтитоҳ ёфт

    Фарҳанг 29 Oktabr 2025 2125

    Дар Самарқанд маросими ифтитоҳи тантанавии инсталятсияи «Киштии таҳаммулпазирӣ» — офаридаи рассомони машҳури ҷаҳон Иля ва Эмилия Кабаковҳо баргузор шуд, ки ба 20-солагии ин лоиҳа бахшида шудааст. Чорабинӣ бо иштироки Фонди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон баргузор гардид.

    Бори аввал дар Осиёи Марказӣ ин асари нодир ба шакли бодбоне муаррифӣ гардид, ки аз зиёда аз ҳазор расми кӯдакони тамоми Ӯзбекистон таркиб ёфтааст. Дар ин расмҳо ғояҳои сулҳ, умед ва ягонагӣ инъикос ёфтаанд.

    Ифтитоҳи лоиҳаи бадеӣ дар доираи Форуми ҷавонони ЮНЕСКО баргузор шуда, бо консерти байналмилалии кӯдакон ҳамроҳӣ гардид. Дар он навозандагон ва сарояндагони хурдсол аз Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

    Оркестрҳо, ансамблҳо ва хорҳо асарҳои классикӣ ва миллӣ иҷро карда, ҳадафи асосии лоиҳа — таҳкими муколама, эҷодкорӣ ва табодули байнифарҳангиро қайд намуданд.

    Аз замони нахустин намоиши худ дар Миср соли 2005 то имрӯз, «Киштии таҳаммулпазирӣ» тақрибан 20 шаҳри ҷаҳонро сайр кардааст ва ҳамчун «ёдгории зиндаи сулҳ ва ягонагӣ» шинохта шудааст, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳо мусоидат менамояд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates