Дар ин бора ректори донишгоҳи италиявӣ, профессор Стефано Убертини, зимни мулоқот бо сафири Ӯзбекистон Абат Файзуллоев хабар дод. Дар мулоқот қайд гардид, ки корҳо оид ба иҷрои шартҳои созишнома бо Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон ҷиҳати таъсиси кампуси донишгоҳи муштарак дар асоси Институти агроинновация ва таҳқиқоти Самарқанд оғоз ёфтааст, хабар медищад АИ «Дунё».
Таъкид шуд, ки дар донишгоҳи нав донишҷӯён метавонанд дар факултетҳои «Илмҳои кишоварзӣ» ва «Технологияҳои хӯрокворӣ» аз рӯи барномаҳои бакалавриат таҳсил намоянд. Барои зинаи магистратура бошад, барномаҳои «Илмҳои кишоварзӣ» ва «Биоиқтисод» пешниҳод мешаванд. Ғайр аз ин, дар доираи барномаи муштараки таълимӣ имкони идомаи таҳсил дар Италия низ пешбинӣ шудааст.
«Бори аввал дар таърихи донишгоҳҳои кишоварзии Италия филиали хориҷии Донишгоҳи Тушиа ифтитоҳ мегардад», – афзуд ректори донишгоҳ.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо манфиатдории худро аз идомаи муколама ва таҳкими ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва Италия изҳор карданд. Ҷониби италиявӣ таъкид намуд, ки донишгоҳ омода аст донишҳои худро оид ба технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами Италия дар соҳаи аграрӣ бо донишҷӯёни ӯзбекистонь мубодила намояд.








