Дар Самарқанд Консулгарии генералии Русия кушода мешавад

    Дар Самарқанд дар рӯзҳои наздик Консулгарии генералии Русия кушода мешавад. Дар ин бора 29 август муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков дар як чорабинӣ дар Сафорати Ӯзбекистон хабар дод.

    «Корҳо оид ба таъсиси Консулгарии генералии Русия дар Самарқанд ба анҷом наздик шуда истодаанд. Ифтитоҳи ин муассиса дар наздиктарин вақт баргузор мегардад», – суханони муовини вазирро овардааст, «РИА Новости».

    Ӯ ҳамчунин илова кард, ки кушодани Консулгарии генералӣ далели кӯшиши муштарак ба густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар сатҳи минтақавӣ мебошад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates