Дар Самарқанд дар байни бачаҳои синну соли томактабӣ веломарафони II баргузор гардид

    Варзиш 1 Iyun 2022 738

    Дар Самарқанд байни бачаҳои синни шашсола бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи бачаҳо веломарафони II баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати таълими томактабӣ, Дафтари ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон, Вазорати рушди варзиш ва Федератсияи велосипедронӣ ташкил карда шуд. Дар марафони велосипедронӣ беш аз 120 нафар кӯдакони то 6-сола ширкат карданд.

    Дар маросими ифтитоҳ Раиси Сенати Олий Маҷлис, раиси Федератсияи велосипедронӣ Т.Норбоева ба сухан баромада, кӯдаконро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфт. Таъкид гардид, ки дар кишвари мо ба рушди варзиши велосипедронӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, дар ин самт қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба дастгирии варзишгарон қабул гардида, ба шарофати онҳо дар давоми чор соли охир велосипедронҳои мо дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ 98 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.

    Марафон бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва ташаккули малакаҳои устувор дар соҳаи истифодаи намуди сабзи нақлиёт дар кишвар, ҳавасмандии кӯдакон ба ҳифзи табиат, ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардонидани велосипедронӣ дар байни кӯдакони синни томактабӣ, тарғиби тарзи хаёти солим, дар онҳо ташаккул додани маданияти рафтор дар роҳҳо, маҳорати риоя намудани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ташкил карда шудааст.

    Дар доираи ин ташаббус 20 муассисаи давлатии таълимии томактабии ҷумҳурӣ интихоб карда шуда, ба онҳо 500 велосипеди мувозинат тақдим карда шуд.

    Кӯдаконе, ки дар марафони велосипедронӣ ширкат варзиданд, бо медалу тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, барои онҳо барномаи фароғатӣ ташкил карда, озмуну бозиҳои мухталиф бо санъаткорон гузаронда шуданд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates