Форуми хидмати давлатии СММ дар Самарқанд оғоз ёфт

    Дар шаҳри Самарқанд яке аз чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи идораи давлатӣ — Форуми хидмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид (UN Public Service Forum 2025) оғоз ёфт.

    Бори аввал Ӯзбекистон мизбони ин форуми обрӯманд гардид, ки аз 23 то 25 июн баргузор мешавад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Интизор меравад, ки форум шумораи бесобиқаи иштирокчиён — вазирон, намояндагони идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро аз даҳҳо кишвари Аврупо, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин ҷамъ меорад.

    Мавзӯи асосии форум чунин аст: «Панҷ соли то соли 2030: суръат бахшидан ба расонидани хидматрасониҳои давлатӣ барои ояндаи устувор». Дар барнома ҷаласаҳои умумӣ, муҳокимаҳои мавзӯӣ, муаррифии таҷрибаҳои муваффақ ва музокироти стратегӣ оид ба роҳҳои нави идоракунии давлатӣ пешбинӣ шудаанд.

    Ташкилкунандагони форум Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UN DESA), Вазорати технологияҳои рақамӣ, Агентии рушди хидмати давлатӣ ва Агентии ислоҳоти стратегии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

    Аз соли 2003 инҷониб форум дар кишварҳое чун ИМА, Австрия, Танзания, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳо баргузор гардидааст. Дар соли 2025 Самарқанд ба макони нави ҷалби гуфтугӯи глобалӣ оид ба ояндаи хизмати давлатӣ табдил ёфтааст.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates