баннер
2 Apr 2025
17:37

    Дар Санкт-Петербург муҳоҷиронро ҳашт ҳазор камераи видеоӣ назорат хоҳанд кард

    Дар Санкт-Петербург ҳашт ҳазор камераи видеоии шаҳрӣ барои шиносоии «ҳувияти этникӣ» танзим карда мешаванд.

    Тибқи иттилои рӯзномаи «Коммерсантъ», раиси Кумитаи муносибатҳои байниқавии маъмурияти Санкт-Петербург Олег Капитанов дар бораи танзими камераҳои шаҳрӣ барои назорати муҳоҷирон ва ҷойҳои истиқомати онҳо изҳорот дод.

    «Ҳангоми ҳисобот дар ҷаласаи ҳукумати шаҳр, мансабдор дар бораи функсияи нави системаи иттилоотии «Шаҳри бехатар» - «механизми шинохти мансубияти этникӣ» хабар дод», - менависад рӯзнома.

    Гуфта мешавад, ки ин механизм барои пешгирии ташаккули "анклавҳои этникӣ" таҳия шуда, имкон медиҳад, ки чораҳои пешгирикунанда барои роҳ надодан ба танишҳои иҷтимоӣ дар минтақа андешида шаванд.

    Раиси кумита илова кард, ки 8 ҳазор камераи шаҳрӣ бо ин функсия муҷаҳҳаз мешаванд ва қарордод "барои хариди иҷозатномаи муайянкунии мансубияти этникӣ" низ баста шудааст. Вай инчунин зикр кард, ки 43% сокинони шаҳр дар соли 2024 муносибатҳои байниқавмиро мусбат арзёбӣ кардаанд, гарчанде ки маъмурият умед дошт, ки ин нишондод аз 60% болотар хоҳад буд.

    Дар ҳамин ҳол, дар Шӯрои президентии ҳуқуқи инсон (ШҲИ) ин тасмимро «таҳқир ба шаъну шарафи инсон» меноманд, хабар медиҳад ИА «Дунё».

    Раиси ШҲИ Валерий Фадеев изҳор дошт, ки «дар Русия ҳатто дар шиноснома миллат нишон дода намешавад. Акнун чӣ гуна камераҳои видеоӣ метавонанд муайян кунанд, ки шахс ба кадом миллат тааллуқ дорад?».


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech