Тавре зикр гардид, бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии сиёсиву иҷтимоии занон, омода намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда, рушди илм ва такмили ихтисоси занон курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Қадам ба сӯи PhD» бо иштироки занони олим, инчунин ҳамчун барномаи табодули таълимии «Оянда: иттиҳоди духтарони илмӣ» оғоз ёфт.
Барои бозомӯзии кадрҳои роҳбарикунанда ва таҳкими иқтидори тахассусии онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ курсҳои омӯзишӣ ҷорӣ карда шуданд.
Марказҳои тавонбахшӣ ва мутобиқсозии занон дар ҷамоаҳои меҳнатӣ семинарҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ оид ба намудҳои зӯроварӣ ва пешгирии онҳо ташкил намуда, зиёда аз 2 ҳазор нафар иштирокчиёнро ҷалб намуданд.
Дар ҷамъомад сенаторон камбудиҳои дар таъмини иҷрои вазифаҳои дар доираи Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ ҷойдоштаро аз нуқтаи назари танқидӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамин тарик, кайд карда шуд, ки вазифаи таҳияи барномаи махсусе, ки тадбирҳои офиятбахширо барои тағйир додани рафтори шахсони содиркардаи зӯроварӣ дар бар мегирад, анҷом наёфтааст.
Танқид карда шуд, ки ба масъалаи чалб намудани занони номзад аз Захираи кадрҳои миллӣ ба озмунҳои эълоншудаи номзадҳо ба аъзогии шӯроҳои назоратии корхонаҳои дорои иштироки давлатӣ ба қадри кофӣ эътибор дода намешавад.
Сенаторон инчунин зарурати ҷоннок гардондани фаъолияти шӯрои машваратӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои занон ва мардонро дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, корхонаҳои минтақавӣ, ташкилот ва муассисаҳо таъкид карданд.
Шӯро муассисаву ташкилотҳои дахлдорро даъват намуд, ки ба масъалаҳои иҷрои саривақтӣ ва хушсифати вазифаҳо дар дораи Барномаи маҷмӯи чораҳо оид ба дар соли 2023 татбиқ намудани Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030 бо масъулият муносибат зоҳир кунанд.
Аз рӯи натиҷаҳои мавриди муҳокима бинобар масъалаи мазкур қарори дахлдори Шӯрои Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.