Дар Сенати Олий Маҷлис бо роҳбари намояндагии БИДҲИ/САҲА мулоқот баргузор гардид

    4 июли соли 2023 муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон Содиқ Сафоев бо роҳбари миссияи Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо БИДҲИ/САҲА оид ба назорати интихобот Урсула Гачек мулоқот анҷом дод.

    Доир ба таҳкими ҳамкориҳо бо БИДҲИ/САҲА дар самти такмили раванди қонунгузорӣ, ҳамчунин доир ба омодагӣ ва баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентии қарибулвуқӯъ табодули афкор сурат гирифт.

    Қайд карда шуд, ки интихоботи дарпешистода барои хусусияти бебозгашт додан ба раванди ислоҳоти густурда дар кишвар муҳим аст.

    Дар мавриди идомаи ҳамкориҳои муассир дар иҷрои тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории интихобот ва механизмҳои ташкили интихобот дар кишвар тавофуқ ҳосил шуд. Аз рӯи масъалаҳое, ки ҳар ду тараф мароқ зоҳир менамоянд, низ мубодилаи афкор барпо гардид.

    Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни демократикунонии қонунгузории интихобот қайд намуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates