Ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, лоиҳаҳои истиқболи дар кишварамон дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар самтҳои афзалиятнок амалӣ ва барои оянда ба нақша гирифташуда табодули афкор намуданд.
Махсусан қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои созандаи Ӯзбекистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар натиҷаи дигаргуниҳои куллӣ, ки солҳои охир дар мамлакати мо ба амал омадаанд, хусусияти нав касб кардааст.
Зимни вохӯрӣ В.Вемуру ба ислоҳоти аз ҷониби сарвари давлат ва ҳукумат дар доираи таъмини баробарии занон дар Ӯзбекистон амалишуда баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки ислоҳоти дар кишвари мо ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ, тавонмандсозии ҳуқуқи занон ва мардон ба обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ба беҳтар шудани мавқеи Ӯзбекистон дар рейтингҳо ва нишондиҳандаҳои байналмилалӣ таъсири мусбат мерасонад.
Таъкид гардид, ки дар кишвар ислоҳоти ҷиддие ба таври васеъ амалӣ карда мешавад, ки ин ба беҳтар шудани некӯаҳволии занон, беҳбуд бахшидани тарзи зиндагии онҳо мусоидат мекунад ва албатта, барои дар ҷомеа пайдо намудани мақоми худ хидмат мекунад.
Коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Одри Сакс низ корҳоеро, ки дар кишвар ҷиҳати решакан кардани меҳнати маҷбурӣ анҷом дода шудаанд, баҳои баланд дод.
Дар рафти вохӯрӣ лоиҳаҳо оид ба рушди парламентаризм, соҳибкории ҷавонон ва занон, бахусус занони сокини деҳот, инчунин таҳкими сармояи инсонӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи рушди соҳибкории занон дар деҳот 2,7 миллион доллар ҷудо кардааст.
Дар анҷоми мулоқот қайд гардид, ки ҳамкорӣ бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи ислоҳот оиди таъмини баробарии гендерӣ ва беҳдошти шароити занон ва ҷавонон идома дода хоҳад шуд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.