Дар Сенат бо депутати парлумони Аврупо вохӯрӣ барпо гардид

    Муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев депутати парлумони Аврупо, маърӯзачӣ оид ба Ӯзбекистон Илхан Кючюкаро қабул кард.

    Тавре маълум аст, миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои мутақобилан судманди бисёрҷониба дар тамоми соҳаҳо ба роҳ монда шудааст. Муколама дар ҳама сатҳҳо пайваста сурат мегирад. Барои тавсеаи равобит дар бахшҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ як қатор тавофуқҳо ҳосил шуда, дар ин самт чорабиниҳои муҳим амалӣ мешаванд. Солҳои охир ҳаҷми савдои мутақобила ба шарофати тартиби "GSP+", ки аз ҷониби Аврупо пешниҳод шудааст, босуръат меафзояд.

    Вакили Парлумони Аврупо дастгирии ислоҳоти бебозгаштро, ки дар кишвари мо гузаронида мешавад, махсусан қайд намуд.

    Вай аз талошҳои Ӯзбекистон барои таҳкими субот, амният, ноил гардидан ба шукуфоӣ ва рушди ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол кард.

    Рушди босуръати ҳамкориҳои байнипарлумонии дуҷониба мусбат арзёбӣ гардид.

    Доир ба истифодаи фаъолонаи механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар кишвар, аз ҷумла Кумитаи ҳамкории парлумонии “Ӯзбекистон – Иттиҳоди Аврупо” табодули афкор сурат гирифт.

    Дар охири мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Ўзбекистон ва парлумони Аврупо ба созиш омаданд.