Дар вохӯрӣ оид ба муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла иштироки ҳайати парлумонии Миср дар Ассамблеяи ҷашнии 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки рӯзҳои 5-9 апрели соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мегардад, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ба меҳмон иттилоъ дода шуд, ки чунин як чорабинии бонуфуз бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон баргузор мегардад ва дар он тақрибан 2000 вакил аз қариб 190 кишвари узви Иттиҳоди байнипарлумонӣ ширкат хоҳанд кард.
Т.Ҳаммад таъкид намуд, ки барои иштирок дар ин чорабинӣ ба Ӯзбекистон 14 узви ҳайати намояндагӣ таҳти роҳбарии Раиси парлумони Ҷумҳурии Мисри Араб ташриф хоҳанд овард.
Дар ин замина оид ба масъалаҳои ташкилии марбут ба ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.