Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар, ки бар асоси эътимоди мутақобил ва муносибатҳои дӯстона қарор дорад, робитаҳои байни Ӯзбекистон ва Туркия ба сатҳи нав баромада, шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ таҳким ёфтааст.
О. Бекар ба ислоҳоти васеи демократӣ, ки таҳти роҳбарии Президент дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, баҳои баланд дода, аз иштироки худ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар давоми фаъолияти дипломатиаш изҳори қаноатмандӣ кард.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, фаъолгардонии гурӯҳҳои дӯстӣ ва муносибатҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки рушди муколамаи байнипарлумонӣ ба татбиқи пайгиронаи созишномаҳои дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва технология, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳо дар сатҳи олӣ бадастомада мусоидат мекунад.