Дар Сенати Ӯзбекистон бо Президенти Туркманистон мулоқот баргузор шуд

    15 июл Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, ки дар кишвари мо бо сафари давлатӣ қарор дорад, мулоқот анҷом дод.

    Зимни суҳбат қайд гардид, ки муколамаи байнипарлумонӣ ҷузъи муҳими таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар гардидааст. Фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, ки дар назди Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ва Генгеши Миллии Туркманистон таъсис дода шудааст, махсусан қайд карда шуд.

    Ба натиҷаҳои нахустин форуми байнипарлумонӣ ва ҷамъомади якум дар чаҳорчӯби Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Ашқобод баргузор шуд, баҳои баланд дода шуд.

    Дар бораи табодули таҷриба дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувор, тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ташкили чорабиниҳои муштарак дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн тавофуқ ҳосил шуд.

    Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ ба манфиати ду кишвар ва халқҳои бародар изҳор намуданд.

    Хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates