Дар чорабинӣ ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи сайёҳӣ У. Шодиев, масъулини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин, соҳибкорони ҳарду кишвар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар рафти муаррифӣ дар бораи минтақаҳои махсуси озоди сайёҳӣ дар як қатор минтақаҳои кишварамон маълумот дода шуд, ки дорои иқтидори сайёҳии баланд мебошанд. Дар чорабинӣ шахсони масъул суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки афзоиши гардиши сайёҳон миёни ду кишвар як бозори муҳим барои ҳарду ҷониб аст.
Дар чорабинӣ ҳамчунин муаррифии лоиҳаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо платформаи сайёҳии онлайн "Trip.com" аз Чин татбиқ мегарданд, сурат гирифт.