Бино ба иттилои хидмати матбуоти ҳокимияти Тошканд, дар соли таҳсили ҷорӣ 53 ҳазору 764 кӯдак ба синфи 1 пазируфта шуда, имрӯз онҳо дар мактабҳои худ туҳфаҳои Президент гирифта, ба таҳсилоти миёнаи умумӣ шурӯъ карданд.
Имрӯз 493 ҳазору 285 нафар сокинони ҷавони пойтахти кишварамон бо таҳсилоти мактабӣ фаро гирифта шудаанд ва дар соли хониши ҷорӣ барои онҳо дар фанҳои таҳсилоти умумӣ, забонҳои хориҷӣ ва омодагии касбӣ таҷдиду тағйирот ворид карда мешавад.