Дар ИМА дар 20 соли охир аввалин доруро аз бемории Алтсгеймер тасдиқ карданд

    Тандурустӣ 9 Iyun 2021 1001

    Раёсати назорати санитарии сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ва дорувории ИМА (FDA) аввалин бор дар 20 соли охир доруи адкуканумабро аз бемории Алтсгеймер, ки табобатнопазир ба ҳисоб меравад, тасдиқ кард.

    Бемории Алтсгеймер маъмултарин шакли девонагӣ мебошад, ки асосан пиронсолонро фаро мегирад. Дар саросари ҷаҳон аз бемории Алтсгеймер тақрибан 50 миллион нафар азият мекашанд. Сабаби асосии ин бемории нейродегенеративӣ ҷамъ шудани сафедаи бета-амилоиди зараровар дар дохили ҳуҷайраҳои майна мебошад, хабар медиҳад ТАСС.

    Дар тафовут аз дигар усулҳои табобати бемории Алтсгеймер, ки танҳо ба нишонаҳои он таъсир мерасонад, адуканумаб бар зидди сабабҳои он, ҷамъшавии амилоид-бета мубориза мебарад. Дору се марҳилаи озмоишҳои клиникиро бомуваффақият гузашт, ки дар он тақрибан 3,5 ҳазор беморон иштирок карданд. Бо дарназардошти аҳамияти табобати ин беморӣ, FDA ба ин дору тасвиби фаврӣ дод.

    Аммо, хулосаҳои коршиносон оид ба муваффақияти доруворӣ пароканда шуданд. Масалан, мутахассисони FDA, ки моҳи ноябри соли 2020 барои арзёбии натиҷаҳои озмоишҳои клиникӣ ҷамъ омаданд, қарор доданд, ки маълумот самаранокии адуканумабро нишон намедиҳад. Баъзе табибон ҳатто ваъда доданд, ки ин доруро ба беморонашон таъин намекунанд. Мутахассисон, аз ҷумла, аз таъсири манфӣ -- масалан, хунравии мағзи сар дар ҳаросанд.

    Дигар ҷонибҳои манфиатдор - алахусус намояндагони «Alzheimer’s Association» -- созмони хайрияе, ки ба беморони гирифтори ин маризӣ ва оилаҳои онҳо кӯмак мекунад, - умедворанд, ки адуканумаб "давраи нави табобати Алтсгеймерро оғоз хоҳад кард." Ба туфайли тасдиқ шудани дору, таҳқиқоти шабеҳ метавонад сармоягузориҳои бештарро ҷалб кунанд, ки дар натиҷаи он доруҳои нав пайдо мешаванд, гуфт Мария Карило аз «Alzheimer’s Association».

    Скептикҳо ё ҷонибдорони тасдиқи дору метавонанд дар натиҷаи озмоишҳои наве, ки истеҳсолкунандаи дору ширкати «Biogen” дар ояндаи наздик анҷом диҳанд, метавонанд тағйир ёбанд. Онҳо вазифадоранд, ки ин корро тибқи тартиби сареъи бақайдгирии дору анҷом диҳанд.

    Ба нақша гирфта шудааст, ки он бо номи тиҷоратии "Адухелм" ба бозор бароварда шавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates