Дар ИМА ҳазорон раводиди донишҷӯён бекор карда шуданд

    Таълим 20 Avgust 2025 1049

    Маъмурияти ИМА зиёда аз шаш ҳазор раводиди донишҷӯёнро барои аз ҳад зиёд будани будубош ва вайрон кардани қонун, аз ҷумла қисми ками онҳоро барои «дастгирии терроризм» бекор кардааст.

    Ба иттилои шабакаи телевизионии «NBC News», қарор дар робита ба он қабул шудааст, ки маъмурияти кишвар дар доираи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ муносибати махсусан сахтро нисбат ба додани раводидҳои донишҷӯён пеш гирифтааст, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Зикр мегардад, ки тақрибан 4 ҳазор раводид бинобар вайрон кардани қонун аз ҷониби соҳибонашон бекор карда шудаанд, ки дар аксари ҳолатҳо сухан дар бораи ҳамлаҳо ва дуздиҳо меравад. Тақрибан 200–300 раводид бо сабаби «дастгирии терроризм» бекор карда шудаанд.

    Котиби давлатии ИМА Марко Рубио қаблан изҳор дошт, ки садҳо нафар, аз ҷумла донишҷӯёнро барои иштирокашон дар фаъолиятҳое, ки ба авлавиятҳои сиёсати хориҷии ИМА мухолифанд, аз раводид маҳрум кардааст. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки ният дорад раводиди донишҷӯёни чиниро низ бозпас гирад.

    Ёдовар мешавем, ки Президенти ИМА Доналд Трамп бо чандин донишгоҳи пешбари кишвар ба низоъ афтода, онҳоро дар он муттаҳам кард, ки гӯё пас аз эътирозҳои густурдаи донишҷӯён ба тарафдории ҳуқуқи фаластиниҳо дар пасманзари ҷанги Ғазза ба «пойгоҳи зиддисемитизм» табдил ёфтаанд.

    Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ дастуроте нашр намуд, ки дипломатҳои хориҷиро вазифадор месозад, санҷишҳоро сахттар кунанд ва нисбат ба довталабоне, ки Вашингтон онҳоро душманона ва дорои таърихи фаъолиятҳои сиёсӣ мешуморад, ҳушёр бошанд.

    Ҳафтаи гузашта дар ИМА эълон карданд, ки то анҷоми «санҷиши комил ва дақиқ» раванди додани шумораи ками раводидҳои муваққатии тиббӣ ва башардӯстона, додани ҳамаи раводидҳои меҳмонон барои сокинони ҳудуди фаластинии Ғазза боздошта мешавад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates