Ба иттилои “ABC News”, халабони ҳавопаймои навъи “Beechcraft Hawker G-36” чанде пас аз парвоз аз носозии муҳаррик хабар додааст ва азбаски имкони бозгашт ба фурудгоҳ вуҷуд надошт, ӯ тасмим гирифтааст дар шоҳроҳи Браунс-Бридж фуруд ояд.

Ҳангоми фуруд ҳавопаймо ба чандин автомобил бархӯрдааст.

Тибқи маълумоти пулиси Гейнсвилл, дар натиҷаи ҳодиса дастикам чор нафар ҷароҳат бардоштанд: ду нафар аз мусофирони ҳавопаймо ва ду ронандаи автомобил. Ба гуфтаи шифокорон, ба ҷони осебдидагон хатари ҷиддӣ таҳдид намекунад.

Маъмурияти федералии авиатсия (FAA) таҳқиқи сабабҳои носозии техникиро оғоз кардааст, хабар медиҳад report.az.