Дар Стокголм сафорати Ӯзбекистон кушода мешавад

    4 августи соли равон аввалин дипломати Сафорати нави Ӯзбекистон дар Шветсия ба Стокголм омад.

    Нодир Ғаниев, ки ба вазифаи мушовир таъин шудааст, ба ҳайси кордори муваққатӣ дар корҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Шоҳигарии Шветсия фаъолият мекунад.

    Вай дар Фарғона таваллуд шудааст, 50 сол дорад. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон)-ро бо ихтисоси филологияи шарқ хатм кардааст. Аз соли 1994 дар системаи Вазорати корҳои хориҷӣ кор карда, дар дастгоҳҳои марказӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷ вазифаҳои гуногунро ба ӯҳда дошт.

    Қабл аз сафар ба Шветсия дар вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо кор кардааст.

    Забонҳои англисӣ, арабӣ, русӣ ва фаронсавиро медонад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ёдовар мешавем, ки намояндагии дипломатӣ дар Стокголм 36-умин сафорати Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ хоҳад шуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates