Биеннале ба он нигаронда шудааст, ки то ба ҷаҳониён намунаҳои зебо ва нодири санъати амалии миллии мо намоиш дода, рассомони боиқтидор муайян карда шаванд, инчунин мардум аз санъати амалии устодони хориҷӣ ҳаловат баранд ва робитаҳои минбаъдаи ҳамкории кишварҳо таҳким ёбанд.
Асарҳои эҷодии рассомон, дизайнерҳо, устодони санъати амалӣ ва тасвирӣ намоиш дода мешаванд. Баргузории намоишгоҳҳои гуногун, презентатсияҳо, конфронсҳои илмию амалӣ, “мизҳои мудаввар”, семинарҳо ва дарсҳои маҳорат дар назар аст.
Ин лоиҳаи бузурги эҷодие, ки Академияи бадеии Ӯзбекистон ташкил кардааст, дар ҳаёти фарҳангии мамлакатамон воқеаи беназир аст.