Дар фаъолияти судию экспертӣ намудҳои нави экспертиза ва тадқиқот ҷорӣ карда мешаванд

    Қарори Президент (ҚП №122 аз 8 феврали соли 2022) «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи фаъолияти экспертию криминалистии мақомоти корҳои дохилӣ бо васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илми муосир» қабул гардид.

    Дар қарор самтҳои афзалиятноки минбаъд такмил додани фаъолияти экспертию криминалистии мақомоти корҳои дохилӣ муайян карда шудаанд.

    Мувофиқи қарор:

    дар сохтори маркази асосии экспертию криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ шӯъбаҳои тадқиқоти генетикӣ ва бақайдгирии давлатии иттилооти геномии шахси воқеӣ таъсис дода шуданд;

    дар назди Вазорати корҳои дохилӣ муассисаи давлатӣ таъсис дода мешавад, ки сертификатонии силоҳи оташфишон, пневматикӣ, газӣ, сигналӣ, сард, парронданӣ ва дигар силоҳҳо, мармиҳо барои онҳо, воситаҳои махсус, воситаҳои махсуси муҳофизати зиреҳ, асбобҳои зарбаи барқ, маҳсулоти пиротехникӣ ва маводи таркандаро амалӣ менамояд;

    ба воҳидҳои экспертизаи криминалистии мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси шартнома ҳуқуқ дода шудааст, ки дар соҳаи экспертизаи судӣ хидматрасониҳои экспертӣ, биометрӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотӣ ва дигар хизматрасониҳои пулакиро анҷом диҳанд;

    таҷрибаи дар асоси шартнома ба шӯъбаҳои экспертию криминалистикӣ ба сифати мутахассис ё кормандони техникӣ ҷалб намудани шахсони дорои нерӯи махсуси илмию техникӣ ва интеллектуалӣ ба роҳ монда мешавад.

    Мутобиқи Қарор гузарондани намудҳои нави экспертиза ва тадқиқот дар назар аст:

    То охири соли 2022:

    экспертизаи техникии видео ва фото, аз ҷумла экспертиза оид ба муайян кардани суръати ҳаракати нақлиёт, ки дар сабти видео шудааст;

    экспертизаи силоҳ бо таъсири электрӣ;

    экспертизаи яроқи газӣ;

    экспертизаи омехтаи газу ҳаво ва таркишҳои физикӣ;

    экспертизаи таркишҳои баллонҳои газии дар воситаҳои нақлиёт насбшуда;

    тадқиқоти биологии ДНК-и инсон;

    экспертизаи баҳодиҳӣ ба техникаи махсус ва воситаҳои нақлиёт;

    экспертизаи ғизо.

    То охири соли 2023:

    экспертизаи пойгоҳи маълумотҳои рақамӣ;

    экспертизаи хидматҳои абрӣ дар шабакаи Интернет;

    экспертизаи фоноскопӣ.

    То 1 январи соли 2023 низоми автоматиконидашудаи криминалистии иттилоотиву ҷустуҷӯӣ оид ба маълумоти дар бораи шахсҳо, ашёҳо ва воқеаҳо гирифташуда ҷорӣ карда хоҳад шуд.

    Инчунин, то охири соли 2023 оид ба таъсиси низоми марказонидашудаи иттилоотиву ҷустуҷӯи таркиби кимиёвии воситаҳои мухаддири намуди синтетикӣ, инчунин доруҳои психоторопӣ ва пуртаъсир, ки ба сифати далели шайъӣ дар рафти фаъолияти судию тафтишотӣ гирифта шудаанд, чораҳо андешида мешаванд.

    Аз соли таҳсили 2022/2023 сар карда дар низоми таълим оид ба барномаи бакавлиариати Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таълим додани фанни "Асосҳои криминалистикаи рақамӣ" ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад канали ҳуқуқии Вазорати адлия.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates