Дар Сурхондарё як гурӯҳ бонувон ба корманди нозири роҳ ҳамла карданд

    Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он як гурӯҳи шаҳрвандон ба корманди Хидмати патрули роҳ (ХПР) муқовимат карда, ҷанҷол мекунанд. Роҳбари Хидмати матбуоти Сарпрокуратура Ҳаёт Шамсутдинов аз рӯйи ин ҳолат маълумот дод.

    Гуфта мешавад, ки воқеа дар шаҳри Деҳнави вилояти Сурхондарё рӯй додааст.

    Корманди ХПР ронандаи мошини « Lacetti »-ро барои ҳаракат дар хатти нодуруст боздошт ва аз ӯ ҳуҷҷатҳои дахлдорро талаб мекунад. Аммо ронанда ба талабҳои қонунии нозири роҳ итоат накарда, ҳамроҳ бо наздиконаш ба кораманд муқобилият мекунад.

    Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 277-и Кодекси ҷиноӣ (авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар доираи парвандаи ҷиноӣ 3 гумонбар тибқи тартиби протсессуалӣ дастгир карда шуданд. Тафтишот идома дорад.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates