Дар вилояти Сурхондарё кӯшиши ворид кардани зиёда аз 600 кг маводи мухаддир, ки дар ҷорӯбҳои хоҷагӣ пинҳон шуда буд, пешгирӣ карда шуд

    Бехатарӣ 10 Fevral 2025 864

    Дар натиҷаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қувваҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатӣ кӯшиши навбатии ворид кардани маводи мухаддири ҳаҷмдор ба кишвар пешгирӣ гардид.

    9 феврали соли 2025 дар посгоҳи гумрукии «Айритом»-и Раёсати гумруки вилояти Сурхондарё мошини боркаше, ки тавассути қаламрави Ӯзбекистон транзит мегузашт, боздошт шуд. Таваҷҷуҳи кормандонро бори он – 13,5 тонна ҷорӯбҳо, ки дар нақлиёт бор карда шуда буд, ҷалб намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии гумрук.

    Мошин ба анбори гумрукӣ, ки дар қаламрави посгоҳи фаъолияти иқтисодии хориҷии «Тирмиз» ҷойгир аст, равона карда шуд ва бори он пурра мавриди тафтиш царор дода шуд.

    Ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки дар 180 халта 22 500 ҷорӯби хоҷагӣ аз сорго мавҷуд аст. Вале ҳангоми санҷиши муфассал ошкор шуд, ки дар дастаи 2986 ҷорӯб бастаҳои полиэтилении дарозиаш тақрибан 25 см, ки бо лентаи зард печонида шуда буданд ва бо ранги маводи ҷорӯбҳо мувофиқат мекарданд, пинҳон шудаанд.

    Пас аз кушодани бастаҳо дар ҳузури шоҳидон муайян карда шуд, ки дар дохили онҳо тақрибан 200 грамм маводи бӯйаш тез ва рангаш қаҳваранг, эҳтимолан маводи мухаддир, мавҷуд аст.

    Тибқи таҳлили пешакӣ, ин мавод «ҳашиш» буда, вазни умумии он 612 кг-ро ташкил медиҳад. Арзиши бозории маводи мухаддири мусодирашуда дар бозори сиёҳ зиёда аз 16,5 миллион доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

    Айни замон, вобаста ба ин ҳодиса таҳқиқоти минбаъда идома дорад.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates