Дар Сурхондарё ҷашнвораи «Баҳори Бойсун» баргузор мешавад

    Фарҳанг 8 Fevral 2022 3236

    Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 7 феврали соли 2022 № 59 “Дар бораи чораҳо оид ба ташкил ва баргузории Ҷашнвораи байналмилалии фолклори “Баҳори Бойсун” қабул гардид.

    Аз соли 2022 сар карда дар ҳар ду сол моҳи апрел дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё Ҷашнвораи байналмилалии фолклори “Баҳори Бойсун” («Бойсун бахори») баргузор карда мешавад.

    Ҳайати кумитаи тадорукоти омодагӣ ба Ҷашнвораи байналмилалии фолклори “Баҳори Бойсун” ва Низомнома дар бораи тартиби баргузории он тасдиқ карда шуд. Дар низомнома шартҳои баргузории ҷашнвора, аз ҷумла талабот барои иҷрои барномаҳо аз ҷониби дастаҳои фолклорӣ – 12 нафар дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ, на бештар аз 4 нафар – дар соҳаи бозиҳо ва намоишҳои миллӣ муайян карда шудааст.

    Инчунин, меъёрҳои баҳодиҳии иштирокчиёни фестивал аз ҷониби ҳакамон иборат аз 9-11 нафар мутахассисони пешбар аз рӯи ҷадвали 10 баллӣ ва тартиби муайян кардани ғолибон муқаррар карда шуданд.

    Хароҷоти вобаста ба ташкил ва баргузории Ҷашнвора дар асоси сметае, ки ҳокимияти вилояти Сурхондарё ва Вазорати фарҳанг таҳия намудааст, ташаккул меёбад:

    30 фоиз – аз ҳисоби маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳурӣ ба Вазорати фарҳанг барои гузаронидани чорабинихои маданӣ-оммавӣ ҷудо карда мешаванд;

    70 фоиз – аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаи маҳаллии вилояти Сурхондарё, инчунин хайру эҳсони шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

    Ҳуҷҷат бо забони давлатӣ дар Пойгоҳи маълумотҳои миллии қонунгузорӣ нашр шудааст ва аз 7 феврали соли 2022 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад «Norma».

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates