Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мешаванд

    Фарҳанг 29 Mart 2022 1480

    Аз 30 март то 2 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мегарданд. Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз 30 март то 1 апрели соли ҷорӣ баргузор мешаванд.  Чорабинии фарҳангӣ бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои муштарак бо синамогарони ӯзбек ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баргузор мешавад.

    Дар давоми се рӯз дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ филмҳои жанрҳои мухталифи истеҳсоли Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

    Дӯстдорони кино метавонанд «Рейси 101», «Ифтихори Нафиса», «Хусниддини моҳир», «Асорат», «Тӯйи якрӯза»-ро тамошо кунанд.

    Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон пайваста баргузор мешавад, аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта баргузор шуда буд. Дар он вақт байни киностудияи «Ӯзбекфилм» ва «Тоҷикфилм» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки он на танҳо офариниши якҷояи филмҳо, балки мубодилаи кадрҳо, таълими кинематографистони ояндаро дар донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз чумла, дар филиали нав кушодашудаи Донишгоҳи давлатии умумирусиягии кинематогарафия дар Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates