Дар Таиланд бар асари фурӯ рафтани роҳ чуқурии 50-метрӣ пайдо шуд

    Дар натиҷаи ҳодиса ҳеҷ кас осеб надидааст, тафтиши сабабҳои ҳолат идома дорад.

    Дар пойтахти Таиланд дар натиҷаи фурӯ рафтани роҳ чуқурии бузург бо тӯли 50 метр ва паҳнои то 30 метр ба вуҷуд омадааст.

    Тибқи иттилои Bangkok Post, ин ҳодиса дар назди як беморхонаи давлатии шаҳри Бангкок рух додааст.

    Ба чуқур ду сутуни барқ ва як мошини пулис афтидаанд.

    Дар роҳҳое, ки ба макони ҳодиса мебаранд, аз нуқтаи назари амниятӣ ҳаракати нақлиёт қатъ гардидааст.

    Беморхона қабули беморонро муваққатан қатъ кард ва тақрибан 3500 нафар беморони дармонгоҳ кӯчонда шуданд.

    Дар натиҷаи ҳодиса касе осеб надидааст. Сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мегардад, хабар медиҳад aa.com.tr.


    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates