Дар Таиланд, Чин ва Сингапур хуруҷи нави коронавирус ба қайд гирифта шудааст

    Дар Таиланд, Чин ва Сингапур шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дубора афзоиш ёфта истодааст. Мақомот дар ин кишварҳо аз аҳолӣ хоҳиш доранд, ки аз васоити муҳофизати шахсӣ, махсусан ниқобҳо истифода баранд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Nikkei Asia хабар медиҳад.

    Тибқи маълумоти мавҷуда, аз 18 то 24 май дар Таиланд 53 500 ҳолати сироятёбӣ бо Covid-19 сабт шудааст. Пештар, аз январ то миёнаи май, дар бораи 187 000 нафар сироятёфта хабар дода мешуд.

    Хусусан пойтахт — Бангкок — сахттар аз дигар минтақаҳо зарар дидааст. Сабаби инро ба баргузории ҷашни Сонгкран, ки Соли нави тайӣ ба ҳисоб меравад ва дар моҳи апрел баргузор мешавад, рабт медиҳанд. Дар ҷараёни ҷашн анъанавӣ "ҷангҳои обӣ" бо истифода аз таппончаҳои обӣ баргузор мешаванд.

    Аз нимаи моҳи май дар дохили мактабҳои пойтахт ба пошидани маводи безараргардонӣ ағоз намуджанд ва баъзе муассисаҳои таълимӣ ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд.

    Ҳукумати Таиланд иттилоъ дод, ки мақомоти давлатӣ назорат доранд, то миқдори кофии ниқобҳои муҳофизатӣ, тестҳои яккарата ва маводи безараргардонии дастон дар фурӯш бо нархҳои дастрас мавҷуд бошад. Дар ин бора eadaily.com хабар медиҳад.