Бино ба иттилои дафтари матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Метрои Тошканд» бо мақсади боз ҳам кам кардани фосилаҳои хаттӣ ин қаторҳо тибқи дастури муқарраршуда дар давоми 8-10 рӯз аз санҷиши техникӣ гузаронида, баъдан ба хатҳо ҷиҳати хидматрасонӣ ба мусофирон бароварда мешаванд.
Инчунин, таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар моҳи майи соли 2024 ҷорӣ кардани боз се поезди метро ба нақша гирифта шудааст.
Дар натиҷаи ин корҳои ба нақша гирифташуда нав кардани парки вагонҳои метро ва минбаъд кам кардани фосилаҳои муқарраршудаи вақт пешбинӣ карда шудааст.