Дар чорабинӣ ҳокими шаҳри Тошканд, вазири нақлиёт, вакилони Палатаи қонунгузории Олии Маҷлис, намояндагони Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати нақлиёт ва ҳокимияти шаҳр, инчунин намояндагони ВАО ва блогерон иштирок карданд.
Вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов таъкид намуд, ки бо ташаббуси Сарвари давлат дар Ӯзбекистон ислоҳоти фаъолона барои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ амалӣ мешаванд. Ӯ ронандагон ва кормандони ҶС «Тошшахартрансхизмат»-ро, ки автобусҳои навро қабул карданд, табрик намуда, аҳамияти фаъолияти онҳоро зикр кард.
Электроавтобусҳои нав аз ҷиҳати экологӣ бехатар буда, қадами муҳим дар роҳи беҳтарсозии экологияи шаҳр ва модернизатсияи низоми нақлиётӣ ба шумор мераванд. Ба шарофати навсозии нақлиёти ҷамъиятӣ дар солҳои охир, ҳаҷми ихроҷи моддаҳои зараровар дар як моҳ то 93,3 тонна коҳиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, ки 50 фоизи нақлиёти ҷамъиятии шаҳрии Тошкандро электроавтобусҳо ташкил диҳад.








