Аввалин зоирони ҳаҷ ба Тошканд баргаштанд

    Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво йуллари”, ки бо 245 зоирони нахустин аз Ҷидда омада буд, 14 июл соати 21:50 ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд фуруд омад.

    Зоиронро дар майдони фурудойии аэропорти пойтахт бо автобусҳои махсус, ки онҳоро ба масҷиди Новза бурдаанд, муташаккилона пешвоз гирифтанд.

    Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ҳамчунин ба хешовандони ҳоҷиён тавсия додааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷамъ омадани одамони зиёд дар терминал ва саҳни ҳавлӣ ба фурудгоҳ наоянд, балки бо наздикони худ дар масҷид вохӯранд.

    Ҳамагӣ аз 14 то 31 июл аз Ҷидда ба Тошканд, Намангон, Қаршӣ, Самарқанд, Бухоро, Урганҷ ва Нуқус анҷом додани 45 рейсҳои ҳавоӣ ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates