Дар Тошканд як зан ба худ бензин рехта, худро оташ зад

    Бехатарӣ 4 May 2023 4611

    Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он зане худро оташ мезанад. Сабаби ин муноқиша бар сари ҷои савдои кӯчагӣ будааст.

    Ба иттилои сарраёсати корҳои дохилии Тошканд, ҳодиса 2 май дар шаҳри Тошканд дар наздикии яке аз дӯконҳо рух додааст. Ба гуфтаи пулис, фурӯшандаи 42-сола, бо ҳамкоронаш бар сари ҷои фурӯш баҳс мекард ва ба нишони эътироз ба худ бензин пошида, худро оташ задааст.

    Дар натиҷа ин рӯй, даст ва пеши бадани ин зан сӯхта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

    Тафтишоти муқаддамотӣ нишон додааст, ки ин шаҳрванд дар пайи муноқиша бо ҳамкорон борҳо қасди худсӯзӣ карда буд, аммо ба шарофати кормандони ҳифзи ҳуқуқ муваффақ нашудааст.

    Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби поркуратураи ноҳияи Олмазор аз рӯи ин далел санҷиши пешакии тафтишотӣ идома дорад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates