Дар Тошканд боз як қасри варзиши обӣ кушода шуд

    Ҳукумат 7 Iyun 2024 3004

    Президент Шавкат Мирзиёев аз қасри намуди варзиши обӣ, ки дар ноҳияи Яккасаройи пойтахт сохта шудааст, дидан кард.

    Маҷмаае, ки ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон тааллуқ дорад, дар асоси таҷрибаи кишварҳои варзиши обиаш ривоҷёфта сохта шудааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин ҷо ҳам барои варзишгарони касбӣ ва ҳам барои ҳаваскорон шароит фароҳам оварда шудааст.

    Дар толори калони дорои ҳавзи шиноварии 50 метра ва трибунаҳои 500 ҷойи нишаст метавон мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва тамринҳои дастаҳои мунтахаби кишварро дар сатҳи баланд баргузор кард. Дар ҳавзҳо барои ҷаҳидан аз баландӣ ва хурд кӯдакон намудҳои варзиши обиро меомӯзанд.

    Дар маҷмаа ҷавонон, ҷамоаҳои меҳнатӣ ва собиқадорон метавонанд саломатии худро мустаҳкам кунанд. Он қодир аст дар як вақт ба 100 нафар ва дар як шабонарӯз ба зиёда аз 1000 нафар хидмат расонад.

    Дар ошёнаи дуюм ӯтоқҳои маъмурӣ ва мураббиён, толори конфронс, толори машқ ва ӯтоқҳои махсус барои шореҳони варзиш мавҷуд аст.

    Дар базаи маҷмаа мактаби намуди варзиши обӣ ташкил карда шудааст. Сарвари давлат тамрини варзишгарони наврасро мушоҳида намуда, азму талоши онҳоро дастгирӣ сохта, онҳоро ба дастовардҳои бузург рӯҳбаланд намуд.

    Соли ҷорӣ 13 варзишгари низоми Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон барои ширкат дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ дар Париж иҷозатнома гирифтанд. Президент бо ин варзишгарон ва мураббиёни онҳо рафти омодагиҳоро баррасӣ кард.

    – Мо ба сохтмони маҷмааҳои варзишӣ дар шаҳру деҳаҳо, оммавӣ гардондани варзиш диққати калон медиҳем. Зеро ҷавононе, ки бо варзиш машғул мешаванд, натанҳо солим хоҳанд буд, балки барои фарзандонашон намунаи ибрат мешаванд. Шумо барин варзишгарони касбӣ барои ҷавонон ифтихор ва ибрат мешаванд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates