СҲШ 20-солагии худро дар Тошканд таҷлил кард

    Воқеаҳо 16 Iyun 2021 1137

    15 июни соли равон дар Тошканд дар бинои Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) чорабинии тантанавӣ бахшида ба 20-солагии қабули Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм баргузор гардид.

    Ин санадҳои бунёдӣ аз ҷониби сарони давлатҳои таъсискунандаи СҲШ дар партави даъватҳо ва таҳдидҳои нав ба амният, сулҳ ва субот дар маркази Авруосиё дар аввали асри XXI имзо шуданд.

    Санаи солгард марҳилаи муҳимест, ки имкон медиҳад, фаъолияти СҲШ оид ба ҳифзи сулҳ ва субот дар минтақа дар ду даҳсолаи охир натиҷагирӣ карда шавад.

    Дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони мақомоти бонуфуз, Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ, ташкилотҳои байналмилалӣ, васоити ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ ширкат варзиданд.

    15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай сарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эъломия дар бораи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхайро имзо карда буданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Дар тӯли 20 соли охир СҲШ ба сохтори бонуфузи байналмилалӣ ва иштирокчии масъули системаи муосири муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Имрӯз ташкилот барои ҳамкориҳои судманд бар манфиати ташаккули ҷаҳони полисентрӣ платформаи боэътимод мебошад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates