Ҳуҷҷат ба иҷрои қарори соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷалби сармоя ба бозорҳо нигаронида шудааст.

Дар назар аст, ки барои омӯзиши мушкилоти марбут ба фаъолияти бозорҳо комиссияҳои ҳудудӣ таъсис дода шаванд. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот онҳо харитаҳои роҳро барои ҳалли мушкилоти муайяншуда омода мекунанд. Ба ғайр аз ин, таклифҳо оид ба шарт ва муҳлати хусусигардонии бозорҳо, инчунин рӯйхати талаботи оид ба таъмини онҳо бо инфрасохтори замонавӣ ва технологияҳои рақамӣ барои қулайи барои тоҷирон пешбаришаванда  таҳия мегарданд, хабар медиҳад CentralAsia.

Барои мусоидат ба комиссияҳо дар омодасозии бозорҳо ба фурӯш ва ба савдои музояда гузоштани онҳо Идораи идоракунии бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдо таъсис дода мешавад. Дар ҳолати зарурӣ барои арзёбии бозорҳо аудиторон ва мушовирони касбӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар замимаи лоиҳаи қонун номгӯи бозорҳо ва марказҳои савдо, ки хусусигардониашон ба нақша гирифта шудаанд, оварда шудааст.

Рӯйхат 61 бандро дар бар мегирад, ки 20-тоаш дар Тошканд аст. Бозорҳои Олой, Чилонзор, Юнусобод, Миробод, Кӯйлуқ, Фарҳод, Чорсу, Эски Ҷува, Аския, инчунин маҷмӯи савдои Чилонзор (Ипподром) ва маҷмӯи савдои "Бек-Тӯпӣ" аз ҷумлаи онҳост.

Ҳамчунин, қарор аст, 12 бозор баста шавад.

Лоиҳаи ҳуҷҷат дар портали ҳукуматӣ чоп шудааст. Музокира то 16 ноябри соли ҷорӣ  давом мекунад.