Дар Тошканд форуми “Занон ва соҳибкорӣ” баргузор гардид

    Тиҷорат 10 Oktabr 2022 1513

    8 октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Tashkent» форуми «Занон ва соҳибкорӣ - мо метавонем рушд кунем» баргузор гардид. Он якҷоя бо «MPA Creative Media Agency» ва Палатаи савдою саноати Ӯзбекистон ташкил карда шуд.

    Ҳадафи аслии анҷуман васеъ намудани имкониятҳои занон дар фаъолияти соҳибкорӣ, таҳлили самтҳои ояндадори тиҷорат ва табодули таҷриба дар бунёд ва рушди корхонаҳо мебошад.

    Дар доираи форум семинарҳо ва баромадҳои занони соҳибкори пешқадам гузаронида шуданд. Дар байни онҳо муассиси “MPA Creative Media Agency” Нафосат Тоҷибоева, муассиси ширкати “Guangzhou Shengli Trade Corporation” Гулбаҳор Тоҷимирзаева, директори ширкати “Beton Sanoat” Хилола Абидова, директори “Wang Da Group” Гузал Тоҷимирзаева, муассиси “Twelve Stars” Тамилла Қурбонова ва инчунин муассиси "ЮрТур" ва "Dressshow" Гулноза Юсупова ҳастанд.

    Бояд тазаккур дод, ки чунин анҷуманҳо платформаи хубе барои муколама оид ба ҳамкории соҳибкории занон ва инчунин имконияти хуб барои муайян кардани самтҳои ояндадори ҳамкориҳои мутақобилан судманди занони соҳибкор мебошанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Палатаи савдо ва саноат.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates